14-уми июн-Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун

14-уми июн-Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун
Июн 14
12:52 2024

Ҳамасола дар ҷаҳон   14-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун таҷлил карда мешавад. Ин рӯзро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола  қайд мекунанд, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи хун додан  ба эҳтиёҷмандон ва эҳсоси ҳамдиливу ҳамдардӣ миёни инсонҳои саросари олам ба шумор меравад.

Баргузории ин рӯз ба зодрӯзи кашфкунандаи гурӯҳҳои хуни инсон, табиби австриягӣ Карл Ландштейнер рост меояд, ки он аз 14 июни соли 2005 бо қарори Ассамблеяи байналмилалии тандурустӣ  ба ҳукми анъана даромадааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд, ки мақсади онҳо ҷалби бештари мардум ва  бисёр намудани донорҳои ихтиёрӣ мебошад.

Дар ин росто, ёдовар шудан ба маврид аст, ки 26 майи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он» ба тасвиб расид, ки он муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд.

Тибқи моддаи 2 қонуни мазкур, ҳар шаҳрванди аз 18 то 65 сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.

Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд.

Ҳамин тавр, шахсоне, ки новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454