Табибони оилавӣ аз давраи бозомӯзӣ гузаштанд

Табибони оилавӣ аз давраи бозомӯзӣ гузаштанд
Июл 17
09:55 2019

Давоми 6 моҳи равон дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои байниноҳиявӣ 377 нафар кормандони тиб, 45 нафар табиб ва 332 нафар корманди миёнаи тиб давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуданд. Дар баробари ин, айни замон 568 бозомӯз, аз ҷумла 48 нафар табиб ва 520 нафар корманди миёнаи тиб давраҳои бозомӯзиро идома дода истодаанд.

Инчунин, давраҳои такмили ихтисосро аз рӯи барномаҳои “Масъалаҳои муҳими кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ”, “Масъалаҳои муҳими тибби оилавӣ”, “Масъалаҳои муҳими бемориҳои кӯдакона”, “Назорат ва нигоҳубини кӯдакон ва наврасон” ва “Нигоҳубин ва назорати ҳомиладории физиологӣ”-ро 158 нафар мутахассисони тибби оилавӣ, аз он ҷумла 45 нафар табибон ва 113 нафар ҳамширагон хатм намуданд.

Бояд қайд намуд, ки воридсозии барномаи нави ихтисосгирии баъдидипломӣ аз рӯи тахассуси “Тибби оилавӣ”, ки асосан ба амалияи клиникӣ нигаронида шудааст ва давомнокиаш 2 сол мебошад, дар 10 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ оғоз гардидааст. Дар ин раванд, шумораи зарурии устодон омӯзонида шуда, барномаҳои таълимии ихтисосгирии аввалия таҳия гардиданд ва шароитҳои муносиби таҳсилу табобат муҳайё ва пойгоҳҳои клиникию гурӯҳи шунавандагон дар марҳилаи ихтисосгирӣ муайян гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412