Хатлон: ғолибони озмуни “Ворисони Сино” муайян шуданд

Хатлон:  ғолибони озмуни “Ворисони Сино”  муайян шуданд
Август 31
10:29 2019

Бо мақсади ҳавасмандкунии кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  озмуни “Ворисони Сино” дар сатҳи вилоят баргузор гардид.

Аввалин барандагони озмуни вилоятии “Ворисони Сино” дар соли 2019  дар вилояти мазкур эълон шуданд. Мувофиқи низомномаи озмун ҳамасола шаш нафар кормандони соҳаи тиб барандаи озмун хоҳанд шуд.

Тавре аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба moh.tj хабар доданд, барандагони озмуни “Ворисони Сино” дар соли 2019  шаш нафар табибон, аз ҷумла директори Маркази бемориҳои дили вилоят Иброҳим Мусоев, мудири шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи вилоятии ба номи “Бури Воҳидов” дар шаҳри Бохтар Шералӣ Ҳодиев, муовини менеҷери КАТС-и шаҳри Бохтар Толибҷон Бекназаров, директори Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилоят Шамсулло Олимзода, сардухтури Беморхонаи вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Кулоб Суҳроб Сайдалиев, сардухтури Беморхонаи вилоятии кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб Муҳсиддин Қамаров эълон  гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

Озмуни “Ворисони Сино” дар вилояти Хатлон дар ҳоле баргузор  гардид, ки қаблан раиси вилояти мазкур Қурбон Ҳакимзода эълон карда буд, ки ҳар корманди соҳаи тибби вилоят дар ҳоли ба корҳои илми даст  задан ва рисолаи номзадии худро ҳимоя кардан, соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ хоҳад шуд. Инчунин, тибқи гуфтаи раиси вилояти Хатлон, дар ҳоли рисолаи докторӣ ҳимоя намудан, ҳар табибе, ки дар вилояти мазкур кор ва фаъолият менамояд, аз ҷониби раиси вилоят бо даҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда хоҳад шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 сардухтури Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ва собиқ сардухтури Беморхонаи шаҳри Бохтар, яке аз ҷарроҳони номдори вилоят Файзалӣ Назаров, ки рисолаи доктории худро ҳимоя карда буд, аз тарафи раиси вилоят бо даҳ ҳазор сомонӣ  мукофотонида шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва ба корҳои илми ҷалб намудани табибони вилояти Хатлон минбаъд ин анъана идома хоҳад ёфт ва умед аст, ки даҳҳо олимон аз ин минтақа рисолаҳои хешро дар солҳои наздик ҳимоя хоҳанд кард.

Ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят айни замон 3 ҳазору 31 нафар  кормандони соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд, ки аз ин се нафар доктор  23 нафар номзади илмҳои тиб мебошанд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412