Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳа

Сентябр 04
10:05 2019

Субҳи имрӯз, 4 сентябри соли равон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор фаъолони соҳаи тандурустӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Ашуриён Музаффар, муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  иштирок намуданд.

Ашуриён Музаффар, муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҳамасола бахшида ба ҷашнҳои бузурги миллӣ фаъолон ва кормандони касбу кори гуногуни кишвар бо медал ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд, ки ин иқдом баҳри ҳавасмандгардонӣ ва бедор намудани ҳисси масъулияти кории онҳо саҳм хоҳад гузошт.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳозиринро ба фарорасии ҷашни бузурги миллӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шодбош гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони фаъоли  соҳаҳои мухталиф дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ашуриён Музаффар, муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Медали хизмати Шоиста” ва “Шафқат” супорида шуд. Аз ҷумла Ҳоҷиев Абдушафеъ Бобомуродович, Директори генералии маркази тиббии “Шифо”, Шарипов Азизулло Содирович, Директори маркази ҷумҳуриявии бемориҳои тропикӣ, Маҳмудов Ҷурабек, Сартабиби дармонгоҳи шаҳрии стоматологӣ барои саҳми намоён гузоштан дар рушди соҳа бо “Медали хизмати шоиста” қадрдонӣ  карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412