Дабири кулли СММ пандемияи коронавирусро хатари возеҳ меҳисобад

Дабири кулли СММ пандемияи коронавирусро хатари возеҳ меҳисобад
Феврал 29
11:15 2020

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш хатари пандемияи коронавирусро хеле возеҳ меҳисобад ва аз давлатҳо даъват мекунад, ки барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоянд. Дар ин бора  хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

«Мо ҳанӯз пандемия надорем. Аммо хатари возеҳи пайдоиши он вуҷуд дорад. Ҳоло вақти он аст, ки аз ҳукуматҳо хоҳиш кунем, ки барои пешгирии паҳншавии вирус тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва ин корро ҳоло анҷом диҳанд», — гуфт Гутерриш зимни суханронӣ дар назди донишҷӯёни The new school дар Ню Йорк.

Вай иқрор шуд, ки аз ҳолати кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки бо норасоии захираҳо ҷиҳати мубориза бо вирус рӯ ба рӯ мешаванд, нигарон аст.

«Агар беморӣ аз зери назорат  барояд, мо ба мушкилоти ҷиддӣ дучор меоем. Ин ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири харобиовар хоҳад гузошт»,- илова намуд ӯ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,083
  • 623
  • 1,070,409