Насим Олимзода ва Такаюки Мияшита масъалаи пешгирии сирояти коронавирусро баррасӣ намуданд

Насим Олимзода ва Такаюки Мияшита масъалаи пешгирии сирояти коронавирусро баррасӣ намуданд
Март 13
10:01 2020

Имрӯз, 13 марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо Сафири  Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари Намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон  Хидеки Танабе  мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои  пешгирии сирояти коронавирус байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти пешгирии сирояти коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, изҳор намуданд.

Қайд гардид, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик таҷҳизоти тиббӣ барои пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида хоҳад шуд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон  изҳори миннатдорӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412