Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ ва маводи хӯрока кумак расонида шуд

Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ ва маводи хӯрока кумак расонида шуд
Май 01
15:27 2020

 Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, маводи безараргардонӣ, гигиенӣ ва хӯрока аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумак  расонида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ин иқдом ҷиҳати ҳифзи саломатии кормандони тиб, ки бо масъулияти баланд баҳри нигаҳдории солимии ҷомеа ҷаҳду талош доранд, амалӣ гардид. Ин амали созандаи ҳизбиён дар шаҳру навоҳии вилоят пайравони худро пайдо карда, сокинон, хоса ҳизбиён ба хотири пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ чораҳои муассир андешида истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновируси COVID-19 тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Дар меҳвари ин амалҳои пешгирикунанда кормандони соҳаи тиб бо масъулияти бузург чораҷӯӣ доранд, ки онҳо як гурӯҳи бузурги узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,068
  • 2,085
  • 1,071,479