Видеоконфронси омӯзишӣ оид ба пешгирии коронавирус

Видеоконфронси омӯзишӣ оид ба пешгирии коронавирус
Май 09
09:19 2020

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони Хадамот оид ба муолиҷа ва пешгирии коронавируси Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои тандурустии мамлакат видеоконфронси омӯзишӣ доир гардид.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед оид ба вазъи имрӯзаи мамлакат дар мавриди пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба намояндагони Хадамоти мазкур маълумот пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки айни замон Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодаанд.

Дар идомаи видеоконфронси омӯзишӣ ҳамзамон таҷрибаи мутахассисони чинӣ дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби  Хадамот оид ба муолиҷа ва пешгирии коронавируси ин кишвар ба табибони тоҷик тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412