Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи тиб: ба савганди касбии худ содиқ бошед ва нагузоред, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи тиб: ба савганди касбии худ содиқ бошед ва нагузоред, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад
Май 20
14:48 2020

Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ (COVID-19, — тавз. АМИТ «Ховар») табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонида шудаанд, таъмин намоянд. Ин супориш имрӯз дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ дода шуд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Ба роҳбарияту масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб инчунин супориши қатъӣ дода шуд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.

Пешвои миллат таъикд сохтанд, ки онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад, чунки як шарти муҳимми табобат забони ширини табиб аст.

«Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем», — иброз доштанд Президенти мамлакат.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,068
  • 2,085
  • 1,071,479