МУРОҶИАТИ ГИРИФТОРОНИ COVD-19 КОҲИШ ЁФТААСТ. Дар ин бора сарвари Бемористони Ибни Сино хабар медиҳад

МУРОҶИАТИ ГИРИФТОРОНИ COVD-19 КОҲИШ ЁФТААСТ. Дар ин бора сарвари Бемористони Ибни Сино хабар медиҳад
Май 23
13:00 2020

Омори воқеӣ бозгӯи он аст, ки муроҷиати беморони Ковид-19 ба бемористонҳо коҳиш ёфтааст. Мо ҳам дар Бемористони Ибни Сино инро мушоҳида кардем,  навиштааст имрӯз сарвари ин бемористон  Абдухалил Холиқзода дар саҳфаи худ дар «Фейсбук».

Ӯ навиштааст: «Ин воқеият, ба андешаи ман, метавонад чанд сабаб дошта бошад. Якум, бешубҳа афзоиши сатҳи огаҳии мардум аз роҳҳои пешгирии шуюъи вируси куруно буда метавонад, ки воқеан хурсандкунанда аст. Дуюм, шояд таъсири нурҳои офтобӣ бошад, ки бино ба  назари коршиносон  метавонад  шуюъи вирусро то ҳадде коҳиш медиҳад. Вале таъсири ин омил чандон зиёд буда наметавонад».

Табиби тоҷик худдармониро дар хона яке аз роҳҳои бештар паҳн шудани вирус арзёбӣ намуда, тавсия медиҳад, ки дар ҳоли холӣ будани тахтҳои бемористонҳо одамон табобатро дар бемористон, зери назари мутахассисон бигиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 4,112
  • 1,506
  • 1,139,090