Норак: кӯмаки маводҳои тиббӣ аз ҷониби соҳибкорон

Норак: кӯмаки маводҳои тиббӣ аз ҷониби соҳибкорон
Май 26
10:10 2020

Дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат кӯмаки маводҳои тиббӣ расонида шуда истодааст.

Аз ҷумла дар  шаҳри Нораки вилояти Хатлон  бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Абдурасул Муҳидов, Хуҷамурод Азимов, Муҳиддин Табаров, Ҷамшед Раҳимов, Аҳлиддин Сангов ва Хуршед Табаров  ба маблағи умумии 150 ҳазор сомонӣ маводҳои доруворӣ, сару либоси тиббӣ, рахти хоб, маводҳои безараргардонӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳри мазкур тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ба 24 нафар кормандони шӯъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур маводҳои хӯрока тақдим гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454