Боздиди вазир аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Ҳисор

Май 29
15:20 2020

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад имрӯз, 29 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Беморхонаи сироятии шаҳри мазкур  шинос шуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аснои шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои мазкур масъалаҳои ба мардум  фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивурусӣ ва  ғайраро мавриди баррасӣ қарор дод.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412