Боздиди Қоҳир Расулзода аз анборҳои махсуси вазорат

Боздиди Қоҳир Расулзода аз анборҳои махсуси вазорат
Июн 02
09:28 2020

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз анборҳои махсуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидан намуд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар анборҳои муассисаи мазкур кӯмаки башардӯстонае, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави “Covid–19” аз ҷониби Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 35 ташкилоту ширкатҳо ба Тоҷикистон ворид гардида, дар маҷмӯъ 340 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораториро дар бар мегиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.

То кунун қисми зиёди маводҳои зикршуда ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоид барои табибон ва  нафароне, ки бо карантини муваққатӣ фаро гирифта шудаанд ва инчунин  бемороне, ки дар муассисаҳои табобатӣ муолиҷа гирифта истодаанд, ба як қатор муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо дастрас гардида, минбаъд низ тибқи талабот маводҳои боқмонда ба муассисаҳои табобатӣ дастрас гардонида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,203
  • 1,478
  • 1,263,684