Маводҳои тиббии аз ҷониби Агентии захираҳои модди давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим шуданд

Маводҳои тиббии аз ҷониби Агентии захираҳои модди давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим шуданд
Июн 08
17:13 2020

Маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббие, ки аз ҷониби Агентии захираҳои модди давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, имрӯз,  8 июни соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғд ва Хатлон (минтақаҳои  Бохтар ва Кӯлоб) тақсим карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври кофӣ маводҳои доруворӣ ва таҷҳизоту молҳои тиббӣ захира карда шудааст, ки онҳо тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат тақсим карда мешаванд.

Рафти тақсимоти маводҳои доруворӣ зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

(АКС АЗ БОЙГОНИИ MOH.TJ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 15
  • 41
  • 1,085,843