Боздид аз “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода”

Боздид аз “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода”
Июн 27
13:37 2020

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ имрӯз, 27 июни соли равон Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода ва Парвиз Акрамзода, иҷрокунандаи Раиси шаҳри Турсунзода аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода”   дидан намуданд.

Зимни боздид Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шароити бошандагони муассисаи мазкур шинос шуда, онҳоро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ  табрик намуд.

Номбурда иброз намуд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла пирону маъюбон зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин табақаи ҷомеа ҳамеша аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбанд.

Ба бошандагони муассисаи мазкур аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Ҳамадонӣ” меваю сабзавот, маводҳои хӯрокаву доруворӣ дастрас карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412