“Маркази тавонбахшии маъюбон”: Беш аз 1000 нафар табобат гирифтанд

“Маркази тавонбахшии маъюбон”: Беш аз 1000 нафар табобат гирифтанд
Июл 06
13:20 2020

“Маркази тавонбахшии маъюбон” 15 июни соли 2019 бо иштироки хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон  дар “Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки маркази мазкур аз тарафи Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бунёд гардидааст.

Маркази мазкур дар баробари расонидани хизмати тиббӣ ба  маъюбоне, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба он муроҷиат мекунанд, гузаронидани табобати баъдиҷарроҳӣ ба бемороне, ки дар Шӯъбаи ортопедии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, Маркази ҷумҳуриявии раддодӣ ва осебшиносӣ бистарӣ шудаанд, низ ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи сохтмони Маркази тавонбахшии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила амалӣ гардида, дар марҳилаи аввали он бинои якошёна дар майдони 300 метри мураббаъ дар ҳудуди муайянгардида сохта шудааст. Дар марҳилаи дуюми Лоиҳа бошад марказ бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ барои тавонбахшии маъюбон муҷаҳҳазонида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони Маркази тавонбахшии маъюбон соли 2018 пас аз ба имзо расидани протокол миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)  дар давоми як сол идома ёфта, айни замон мавриди истифода қарор мегирад.

Дар ин маркази замонавӣ физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳои касбӣ, ки дар самти тавонбахшии маъюбон дар хориҷи кишвар таълим гирифтаанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) аз соли 1995 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, то имрӯз дар самтҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, таҳкими идораҳои марказӣ ва маҳаллӣ, кӯмаки башардӯстона ва ғайра зиёда аз 300 Лоиҳа амалӣ гардонидааст.

Аз аввали фаъолият то имрӯз дар марказ беш аз 1000 нафар бемор табобат гирифтаанд. Ҳамзамон, дар маркази мазкур на танҳо маъюбон, балки ҳамаи эҳтиёҷмандон метавонанд табобат бигиранд.

Марказ дорои 3 ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва 3 ҳуҷраи тавонбахшӣ буда, дар он мутахассисони тавонбахши ватанӣ, ки дар давлати Ҳиндустон давраи бозомӯзӣ гузаштаанд, кор ва фаъолият менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки ба истифода додани чунин маркази замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир баҳри бештар ба тавонбахшӣ фаро гирифтани  маъюбони кишвар мусоидат намуда, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар саҳми намоёни хешро хоҳад гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412