Вазорати тандурустии Россия эълом намуд, ки ваксинакунонӣ бар зидди зуком метавонад дар мубориза бо COVID-19 кумак намояд

Вазорати тандурустии Россия эълом намуд, ки ваксинакунонӣ бар зидди зуком метавонад дар мубориза бо COVID-19 кумак намояд
Июл 20
16:41 2020

 Ваксинакунонӣ бар зидди зуком миқдори ҳолатҳои ҷараёни мураккаби коронавирусро коҳиш медиҳад, — гуфт вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад.

«Ваксинакунонӣ аз зуком ҷиҳати коҳиши шаклҳои мураккаби ҷараёни COVID-19 аҳамияти калидӣ дорад», — гуфт Мурашко ба хабарнигорон рӯзи ҷумъа дар Екатеринбург.

Ба гуфтаи вай, ваксина алайҳи сирояти пневмокок инчунин имкон медиҳад, ки эҳтимоли гирифторшавӣ бо илтиҳоби шуши ғайрибистарӣ «на танҳо дар давраи сироятшавӣ аз коронавируси нав коҳиш ёбад, инчунин барои дарёфти захираҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи ҳаёти одамони калонсол ва коҳиши беморон аз ҳисоби одамони қобили меҳнат мусоидат намояд».

Вазир инчунин оғози парвозҳои байналмилалиро ба шарте ҷонибдорӣ намуд, ки мусофирон фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва аз санҷиши тестӣ гузашта бошанд. Ширкатҳои ҳавоӣ мухолифи интиқоли мусофирон бо дарназардошти фосилаи иҷтимоӣ мебошанд: онҳо тавзеҳ медиҳанд, чунин тартиби ҳамлу нақли мусофирон аз лиҳози иқтисодӣ зараровар хоҳад буд.

 

ДАР АКС: Вазири тандурустии Россия М. Мурашко. Акси ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412