COVID-19: Вазъият дар Аврупо бадтар мешавад

COVID-19: Вазъият дар Аврупо бадтар мешавад
Август 07
15:53 2020

«Афзоиши бесобиқаи сироятёбӣ» — ҳамин тавр роҳбарияти Вазорати тандурустии Франсия  шумораи шахсони сироятёфтаро дар 24 соати охир арзёбӣ кард. Ин рақам ба 1700 ҳомили вируси ба тозагӣ ошкоршуда наздик шудаст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Евронюс.

Мақомот барои пешгирӣ аз карантини дубора кӯшиш мекунанд, аммо то ҳол ин кӯшишҳо ба миқёси тавсеа ва идомаи эпидемия таъсир накардаанд.Дар тамоми шаҳрҳои курортӣ пӯшидани ҳатмии ниқобҳо ҷорӣ шудааст, шаҳрдори Париж низ бояд чунин қарори монанд қабул кунад: дар маҳаллаҳои барои сокинон дилкаш ва дар соҳилҳои Сена кам одамоне ҳастанд, ки  фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Испанияи ҳамсоя низ дар вазъияти ҳамсон қарор дорад, ҳатто шумораи сироятёфтагон мувофиқат мекунад ва ҳам ин ки ин рақам аз замони лағви чораҳои маҳдудкунанда ду моҳ пеш ба ҳади рекордӣ расидааст.

Вазъи санитарӣ ва эпидемиологӣ дар минтақаи пойтахти шоҳигарии Иберия ва он чи дар ҷазираҳои Балеария сурат мегирад, боиси нигаронии бештар шудааст.Ҳафтаи гузашта Британия  барои афроде, ки аз Испания бозмегарданд, карантини ҳатмӣ ҷорӣ кард, инчунин дар сатҳи минтақавӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба дунболи карантин, ки дар Лестер  ҷорӣ  буд,  чунин маҳдудиятҳо  давоми ду ҳафта барои сокинони Абердини Шотландия ҳам  воқеият хоҳанд шуд.

Дар Германия, ки шумораи сироятёфтагон аз 214 ҳазор нафар зиёд шудааст, ҳукумати федералӣ ҳамаи сайёҳони аз кишварҳои сатҳи тавсеаи уфунат баланд баргаштаро муваззаф кардааст, ки  барои доштан ё надоштани вирус аз ташхис гузаранд. Илова бар ин, ҳукуматдорон талаб мекунанд, ки ҳама сафарҳо ба Белгия лағв карда шаванд, зеро дар Антверпен манбаи хуруҷи шадиди эпидемияи COVID ба вуҷуд омадааст.

АКС: Reuters

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454