“Пешгирӣ беҳ аз табобат”

“Пешгирӣ беҳ аз табобат”
Август 29
12:09 2020

“Пешгирӣ  беҳ аз табобат”-таҳти чунин унвон кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи корӣ дар якҷоягӣ бо Маркази солимии репродуктивӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби  мутахассисон тавсия дода шуд, ки ҳар як хонанда, омӯзгор ва корманди техникию фаррош бояд қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқоб, маводҳои антисептикӣ, риояи фосила ва гигиенияи шахсиро дар чунин вазъият риоя намоянд. Зикр гардид, ки дар сурати муайян шудани аввалин нишонаҳои беморӣ, аз қабили таби баланд, нафастангӣ  ва беҳолӣ дар мактаб ё хона зуд хабардор кардани табибон ба манфиати солимии аҳолӣ мебошад.

Ҳамзамон, кормандони марказ аз Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант дидан намуда, бо усули хона ба хона дар  дигар муассисаҳои таълимию ташкилоту идораҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дар хусуси пешгирии бемории сироятии коронавирус бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби масъулини соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза бо аҳолӣ гузаронида мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411