Табибон: Агар хостори хуруҷи навбатии каронавирус дар мамлакат нестед, қоидаҳои ҳатмии пешгирии онро риоя намоед

Табибон: Агар хостори хуруҷи навбатии каронавирус дар мамлакат нестед, қоидаҳои ҳатмии пешгирии онро риоя намоед
Октябр 13
09:28 2020

Бемории сироятии каронавируси нави COVID-19 дар баробари мубталои худ намудани як шумори муаяйни сокинони сайёра, инчунин, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсии ҷомеаи инсонӣ хисороти ҷиддӣ ворид намуд. Имрўз ҷаҳон бо ин пандемия дар ҳоли бархурд ва муборизаи ҷиддӣ қарор дорад. Баъд аз якчанд моҳи пайдоиши ин маризӣ дар сайёра ва доман паҳн намудани он миёни аҳли башар қудуми номубораки он билохира авохири моҳи апрели соли 2020 дар ҶумҳуриТоҷикистон низ расид.

Воқеан, Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо мақомоти марбутаи мамлакат ва мардуми худогоҳу шарифи тоҷик бо тадбирҳои таъҷиливу саривақт андешида тавонистанд, ки давраи авҷи гирифторшавии одамон ба каронавирусро ба тариқи нарм паси сар намоянд.

Хамакнун мувофиқ ба таҳлилҳову нишондодҳо ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба ин маризии сироятӣ дар мамлакат рўз то рўз дар ҳоли коҳишёбӣ қарор гирифтааст. Дар саросари мамлакат як қатор беморхонаҳое, ки ба госпитали муваққатии қабули беморони гирифтори ин маризӣ фаъолият менамуданд, баъд аз табобати беморон ва таъмини сатҳи сиҳатии мубталоён ба каронавирус давра ба давра фаъолити худро дар шакли муқаррарӣ дубора ба роҳ монда истодаанд

Дар ҳамин ҳол Меҳроҷ Хоҷамуродов, ходими илмии калони Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали хуруҷи маризии каронавируси нави COVID-19 ба мамлакат ёдоварm намуда, он лаҳзаҳоро ҳассос ва фаромушнопазир меҳисобад. “Воқеан ҳам тайи рӯзҳои аввали хуруҷи ин маризии сироятӣ дар сайёра аҳли башар ба таҳлука афтода, баробари рӯз то рӯз зиёд шудани шумораи гирифторон табибон низ аз идораи тартибот дар низоми муассисаҳои тандурустӣ  оҷиз мемонданд, аммо ин гуна ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуд, чун табибони тоҷик дар як давраи муайян таҷриба андухта, омодагии ҷиддӣ ҳосил карда буданд. Аммо, дар ин миён аҳолӣ ба таҳлука афдота буданд. Дар ин  вазъияти ногувор воқеан табибон тамоми талоши худро ҷиҳати таъмини амнияти иҷтимоӣ ва аз чунин ҳолатҳои душвору барои сокинони кишвар нороҳаткунанда фаъолияти ҷиддӣ бурданд. Чунин хизматҳои шоён буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем давраи хуруҷи ин бемориро дар кишвар бидуни талафоти ҷонии ҷиддӣ пасисар намоем.  Вале, мутаасифона, имрӯзҳо бо кам шудани шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ва коста гадидани муроҷиати сокинон бобати нишонаҳои гирифторӣ ба ин беморӣ истифодаи ҳатмии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, риояи қавоиди санитарӣ эпидемиолоӣ дар ҷомеа ба тариқи зарурӣ мушоҳида намегардад, ки ин ҳолат метавонад сабагори хуруҷи навбатии маризии сироятии каронавирус дар мамлакат гардад. Бо ин хотир аз аҳолии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии худ аз қоидаҳои пешгирии ин беморӣ  ҳатман  кор бигиранд”-гуфт Меҳроҷ Хоҷамуродов.

Ин ҳама заҳмату талоши мутахассисони соҳаи тибби кишвар ҷиҳати муборизаи шадид дар давраи авҷи бемории каронавируси нави COVID-19  аз ҷониби сокинон, мақомоти марбутаи кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасгирӣ ва қадрдонӣ карда шуд. Аз ҷумла санаи 18 августи соли равон, ки ҳамасола дар мамлакат Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад, бо иштироки бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 53 нафар кормандони соҳа  ҷоизаҳои давлатӣ тақдим карда шуд.

Насиба Қурбонова, як тан аз табибони заҳматкаши мамлакат, ки дар ин рӯз аз ҷониби Сарвари давлат бо ордени “Шараф” қадрдонӣ карда шуд, рӯзҳои аввали вуруди бемории коронавируси нави COVID-19-ро ба кишвар душвор арзёбӣ менамояд. Ӯ мегӯяд: “Дар воқеъ, вақте ҳолатҳои сироят шудани сокинони мамлакат ба ин беморӣ расман эълон гардид, сокинони кишвар дар таҳлука афтоданд. Бемороне, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба  ин беморӣ вориди беморхона мешуданд,  ҷисман не, балкӣ  аз тарси ин беморӣ бемор буданд. Аммо, имрӯз бо хушнудӣ байён менамоем, ки мо тавонистем дар якчоягӣ авҷи гирифторӣ ба ин маризиро дар кишвар пасисар намоем.

 Ба ин хотир, аз аҳолии кишвар даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои ҳатмии санитарӣ эпидемиологиро  риоя намуда, ба таъмини сатҳи сиҳатии худу наздиконашон саҳми арзанда гузоранд.

Олимони соҳаи тиб пешгӯи менамоянд, ки дар тирамоҳ ва давраи зимистони дар пеш истода  хавфи хуруҷи навбатии ин маризӣ вуҷуд дорад. Дар чунин рӯзҳои баҳри аҳли башарият душвор риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт, аз қабили риояи  қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, нигоҳдошти фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб аз ҷониби сокинон талаби вақт аст. Чун риояи қоидаҳои саниратӣ-эпидемиологӣ омили аслии решакан намудан ва билохира пешигирии мавҷми дуввуми ин маризӣ миёни ҷомеаҳо унвон карда мешавад.

 Суғдмеҳри Маъруфзод

(АКС аз манбаъҳои дастрас)

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411