СУТ барои мубориза бо бемории COVID-19 ба вазорат таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ тақдим намуд

СУТ барои мубориза бо бемории COVID-19 ба вазорат таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ  тақдим намуд
Декабр 10
16:26 2020

Имрӯз, 10 декабри соли равон аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ, аз қабили монитор, оксиметри набз, ниқобҳо ва канюлҳо барои оксиген ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар маросими супоридани таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва мутахассиси Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии СУТ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар ҷараёни  қабули таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ иброз намуд, ки СУТ яке аз шарикони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки барои рушду пешрафти соҳа пайваста ба вазорат кӯмак менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412