Тақдими 200 адад балони оксиген ба вазорат

Тақдими 200 адад балони оксиген ба вазорат
Декабр 29
15:48 2020

Имрӯз, 29 декабри соли равон дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 адад балони оксиген (кислород) тақдим гардид, ки дар маросими супоридани он  муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндаи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода зимни маросими супоридани таҷҳизот аз ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо барномаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи бақайдгирии бемории COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як миқдор мавод ва таҷҳизоти тиббӣ кӯмак намуд.

Зикр гардид, ки балонҳои оксигении мазкур тибқи эҳтиёҷот ба беморхонаҳои кишвар дастрас карда хоҳанд шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412