Озарбойҷон барои соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантураи таҳсилоти олӣ ва тиббӣ пешниҳод намуд

Озарбойҷон барои соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантураи таҳсилоти олӣ ва тиббӣ пешниҳод намуд
Феврал 23
13:07 2021

Ҷумҳурии Озарбойҷон барои соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантураи таҳсилоти олӣ ва тиббӣ пешниҳод кардааст, хабар медиад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон вобаста ба ихтисосҳои гуногун сертификатҳои сатҳи байналмиллалии «TOEFL» ва «IELTS»-ро талаб менамоянд. «Аз ин лиҳоз ба довталабон зарур аст, ки пеш аз интихоби донишгоҳ ва ихтисос ба талаботҳои вобаста ба сертификати забондонӣ пешниҳоднамудаи онҳо шинос шаванд», — омадааст дар иттилоияи марказ.

Ба иттилои манбаъ, таҳсил ройгон буда, хароҷоти парвозҳои байналмилалӣ, суғуртаи тиббӣ, раводид ва сабти ном пардохт карда мешаванд. Ҳамчунин стипендияи моҳона барои хӯрок, манзил ва хизматрасонии коммуналӣ 800 манати озарӣ мебошад.

Ҳуҷҷатҳои лозимаи зерин талаб карда мешаванд: ариза (дар шакли анкета); диплом ё аттестат; маълумотномаи тиббӣ  (бо санҷишҳо барои ВИЧ / СПИД, гепатити В ва С); ҳолнома (резюме ё CV); номаи ҳавасмандӣ (Мотивирующее письмо); сертификатҳои малакаи  забондонӣ.

Сатҳи малакадонии забонҳо барои барномаҳое, ки  бо забонҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд: барои барномаҳои бакалаврат IELTS 5, TOEFL 40, барои дигар барномаҳо IELTS 5.5, TOEFL 50 лозим аст.

Ҳама ҳуҷҷатҳо бояд ба забонҳои англисӣ ё русӣ тарҷума гардида, аз тарафаи нотариус тасдиқ карда шаванд.

Маълумоти муфассал дар сомонаи:

https://mfa.gov.az/en/content/399/scholarship?fbclid=IwAR0bC3k8n1INfdSWoiZsFb8G37l3kmTGpmRC8sHfxHNoYWpYHztozL3L9qM

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,068
  • 2,085
  • 1,071,479