МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ВМКБ

МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ВМКБ
Апрел 06
09:44 2021

Субҳи имрӯз, 6 апрели соли равон дар шаҳри Хоруғ мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ доир гардид.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни суханронии хеш аз номи кормандони соҳаи тандурустии вилоят барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки давоми соли 2020 новобаста аз пайдоиш ва паҳншавии бемории COVID-19 пешрафти соҳаи тандурустӣ дар вилоят таъмин гардида, дар ин давра ба муассисаҳои тандурустии вилоят як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурустии вилоят, ки дар давраи пандемияи COVID-19 шабонарузӣ фаъолияти пурсамар анҷом доданд, аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сипосгузорӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа вазъи воқеии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят таҳлил ва баррасӣ гардида, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454