Хатлон: КАТС-и шаҳри Бохтар “Беҳтарин муассисаи тиббӣ”-и вилоят эълон гардид

Хатлон:  КАТС-и шаҳри Бохтар “Беҳтарин муассисаи тиббӣ”-и вилоят  эълон гардид
Апрел 13
13:30 2021

Дар вилояти Хатлон озмуни “Беҳтарин муассисаи тиббӣ”, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Бо назардошти сабзу хуррамгардонии назди муассиса, ҷараён бахшидани тадбирҳои ободонӣ Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар дар озмуни мазкур сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаи “Беҳтарин муассисаи тиббӣ” гардид. Ҷоизаро ба роҳбарияти Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар раиси вилояти  Хатлон Қурбон Ҳакимзода тақдим намуд.

Бояд гуфт, ки аз аввали мавсими фасли баҳор маъмурияти КАТС-и шаҳри Бохтар  дар ҳудуди муассисаи мазкур гулҳои тозаву муаттар шинонида, барои эҳтиёҷмандон шароити мусоиди интизорӣ ва муолиҷаро фароҳам сохтаанд.

Соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КАТС-и шаҳри Бохтар зиёда аз 10 адад таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ дастрас карда шуд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи мазкур боз ҳам беҳтар гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 369
  • 2,085
  • 1,070,780