Корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ вусъати тоза касб мекунанд

Корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ вусъати тоза касб мекунанд
Апрел 17
12:01 2021

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  айни замон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии назди бинои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бомаром идома дорад.

Роҳбарият ва кормандони  муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишвар ҳар ҳафта бо баргузории  ҳашарҳои дастаҷамъона ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани атрофи муассисаҳо, шинонидани гулу дарахтон корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.

Зимни баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона гирду атрофи муассисаҳои тандурустӣ тозаву озода карда шуда, бехи дарахтон нарм карда мешавад. Инчунин, бо мақсади сабзу хуррам гардонидани саҳни ҳавлии муассисаҳои тандурустӣ дар назди беморхонаҳо арча, дарахтони ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида мешавад.

Имрӯз,  17 апрели соли равон роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо як рӯҳияи баланди ободкорӣ ва омодагӣ ба ҷашни  бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромаданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412