Вохурӣ бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Портман

Вохурӣ бо Сафири Ҷумҳурии  Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Портман
Июн 11
17:34 2021

Имрӯз, 11 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо Сафири Ҷумҳурии  Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Портман вохурӣ намуд. Дар мулоқот ҳамзамон намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон иштирок дошт.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед меҳмонро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки давоми солҳои охир миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар баробари дигар бахшҳо соҳаи тандурустӣ низ рушду пешрафт намуда, он имрӯз дар марҳалаи рушд қарор дорад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии бемории коронавируси нави COVID-19 дар олам табодули афкор намуданд.

Дар навбати худ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дод, ки аз 10 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале новобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат чораҳои пешгирикунандаи ин бемориро идома медиҳад.

Дар ин росто, аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Портман иттилоъ дода шуд, ки дар доираи муборизаи байналмилалӣ бар зидди пандемияи COVID-19 ва дар ҳамоҳангӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҳукумати Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 365 ҳазор ниқоби тиббӣ дастрас хоҳад кард, ки дар наздиктарин вақт вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Гуфта шуд, ки ин кӯмак бо мақсади мубориза дар зидди бемории коронавирус амалӣ хоҳад гашт.

Вохурӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412