Суғд: Шиносоии вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ

Суғд: Шиносоии вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ
Сентябр 08
15:36 2021

Дар арафаи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Суғд сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят аз наздик шинос шуд.

Аснои боздид аз муасссисаҳои тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат кормандони соҳаро ба ҷашни бузурги миллӣ-30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош намуда,  ба онҳо барору комёбӣ орзу намуд.

Ҳамзамон, номбурда дар муассисаҳои тандурустӣ бо як қатор беморон, ки ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбати озод намуда, доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ дар навбати аввал беморонро ба ҷашни Истиқлолият шодбош намуда, ба эшон саломатии бардавом ва хушиҳои зиндагӣ таманно намуд.

Номбурда зимни мулоқот бо кормандони соҳа ва беморон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ин давра маҳз  дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат соҳаи тандурустии мамлакат ба таври бесобиқа рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Инчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода аз анборҳои муассисаҳои тандурустӣ низ дидан намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои тандурустии вилоят барои табобати беморон маводи доруворӣ ба таври кофӣ захира карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412