Таъсиси гурӯҳи корӣ вобаста ба татбиқи Таснифоти байналмилалии функсионалӣ, маҳдудияти ҳаётӣ ва солимӣ дар ҷумҳурӣ

Таъсиси гурӯҳи корӣ вобаста ба татбиқи Таснифоти байналмилалии функсионалӣ, маҳдудияти ҳаётӣ ва солимӣ дар ҷумҳурӣ
Октябр 20
10:29 2021

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани зербанди 5.6-и банди 27 Нақшаи миллии амал барои то соли 2024, дар доираи амалинамоии Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ гардидааст, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Таснифоти байналмилалии функсионалӣ, маҳдудияти ҳаётӣ ва солимӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора  фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2021, №921 ба тасвиб расид.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи корӣ  аз муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони як қатор раёсат ва хадамотҳои соҳавӣ, мутахассисони соҳа ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад.

Дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи корӣ супориш дода шудааст, ки гурӯҳи кории байнисоҳавӣ (байниидоравӣ) таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо оид ба воридсозии Таснифоти байналмилалии функсионалӣ, маҳдудияти ҳаётӣ ва солимиро таҳия намоянд.

Инчунин, дар доираи Нақшаи миллии амал барои то соли 2024, зина ба зина воридсозии Таснифоти байналмилалии функсионалӣ, маҳдудияти ҳаётӣ ва солимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дигар чорабиниҳои дар назар гирифтаро низ ба анҷом расонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 41
  • 1,085,860