Таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти компютерӣ

Таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти компютерӣ
Январ 25
10:45 2022

Дар доираи  чорабиниҳо оид ба таҷдиду рушди соҳаи тандурустӣ татбиқи механизми ворид намудани маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад.  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад, дар ин самт  корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.  Дар ибтидои соли 2022 бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, № 827 “Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар  муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию снитарӣ”, маҷмуи таҷҳизоти компютерӣ барои татбиқи маблағгузории сарикасӣ харидорӣ карда шуда, ба дастгоҳи марказии вазорат, раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, ба муассисаҳои кумаки аввлияи тиббию санитарии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шуд. Аз ин номгуи таҷҳизот 70 адади он ноотбук, 2 адад компютер (моноблок), 67 адад принтер, 65 адад модем ва 1 адад дастгоҳи нусхабардрӣ буда, барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ҷорӣ намудани механизми маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ин иқдом имкон медиҳад, то муассисаҳои тиббии кишвар ҳарчи бештар аз  системаи ҳисоботии коғазӣ, ки вақту қувваи бештари кориро талаб мекунад, канорагирӣ намуда,  ба системаи электронӣ  ворид гарданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412