Дар муассисаҳои тандурустии мамлакат системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон роҳандозӣ мегардад

Дар муассисаҳои тандурустии мамлакат системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон роҳандозӣ мегардад
Январ 31
14:42 2022

Дар самти амалишавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” яке аз фаъолиятҳои пешбинишуда, ворид намудани системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Ин механизм дар доираи рушди ҳукумати электронӣ, бо назардошти  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”  таҳия гардидааст.

Ба хотири фаъолияти самаранок дар ин самт барои шуъбаи умумии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ  таҷҳизоти махсус (серверҳо) харидорӣ ва насб карда шуданд. Ҳамчунин, ба ин таҷҳизот хати  интернети оптикӣ гузаронида шудааст. Дар баробари ин, барои ҳар яки ин марказҳо таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуд.

Акнун тавассути ин система тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад, ки барои  сарфаи вақт ва маводи  конселярӣ мусоидат хоҳад кард. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ, тариқи зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Лоиҳа дар доираи фаъолияти худ ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳоро барои амалисозии босамари механизми мазкур ба роҳ мондааст.

Аз ин хотир, барои кормандони шуъбаи умумии вазорат, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ даври омӯзишӣ баргузор гардид. Дар рафти омӯзиш созандагони барнома, мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва мутахассисони хадамот оид ба роҳу усулҳои муроҷиат, дастрас намудани он ба мутахассисону масъулон дар сатҳи деҳот, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, гардонидани посухи саривақтӣ ба муроҷиаткунандагоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412