“Бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳо ҳангоми гузаронидани иммунизатсия”

“Бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳо ҳангоми гузаронидани иммунизатсия”
Феврал 16
15:58 2022

16 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Амирзода Абдухолиқ, директори генералии «Маркази ҷумҳуриявиии ммунопрофилактика” Саидзода Файзалӣ, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, коршиносон ва духтурони соҳа дар мавзуӣ “Бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳо ҳангоми гузаронидани иммунизатсия” семинар-машварати омузишӣ баргузор карда шуд.

Зимни ин чорабинӣ оиди хусусиятҳои ваксина, нигоҳдорӣ ва интиқол, маҳдудиятҳои синну солӣ, чораҳои эҳтиётӣ ва дигар паҳлуҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

“Гирифтани ваксина  ягона роҳи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус мебошад”,-таъкид намуд Амирзода Абдухолиқ. Дар рафти семинари мазкур бори дигар ба иштирокчиён зарурати гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи дурусту самараноки ваксинаҳо ва дигар мавзуҳои муҳим тавсияҳои муфид дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412