Озмуни “Беҳтарин хонандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Озмуни “Беҳтарин хонандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров”  дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»
Апрел 13
17:19 2022

Бо мақсади шиносоии бештар пайдо кардан аз таърихи халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон байни донишҷӯёни бахши якуми кафедраи фанҳои гуманитарии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» озмуни “Беҳтарин хонандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур аз ҷониби устодон вобаста ба мазмуну муҳтаво ва  паҳлуҳои гуногуни  китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров ба донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардид. Дар навбати худ донишҷӯён бо завқ ва баҳсу музокира ба саволҳои омӯзгорон посух доданд. Ҳамин тавр, дар озмун ба иштирокчиён зиёда аз 100 савол пешниҳод карда шуд.

Дар анҷом шаш нафар донишҷӯён, ки ба бештари саволҳои  пешниҳодшуда посухҳои дуруст ва пурра гардониданд, ғолиби озмун шуморида шуда,  бо ифтихорномаи роҳбарияти муассиса қадрдонӣ шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,068
  • 2,085
  • 1,071,479