Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш меёбанд

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш меёбанд
Апрел 27
12:49 2022

27 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ  вохурӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои беҳтар намудани саломатии аҳолии минтақа дар заминаи «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон», ки соли 2008 ба имзо расонида шудааст, амалӣ мешаванд.

Дар баробари ин, масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии минтақа дар ҷаласаҳои муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон низ мунтазам мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Қайд гардид, ки дар ин раванд соли 2015 намояндагони расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрони ин кишвар бо роҳбарияти Вазорати беҳдошт, дармон ва пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон машварат ва вохуриҳо баргузор намуданд.

Дар натиҷаи машварату вохуриҳо вобаста ба татбиқи пурсамари бандҳои дахлдори Ёддошти мазкур Нақшаи корӣ ба имзо расонида шуд, ки барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки айни замон байни муасисаҳои таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои илмиву таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда, дар натиҷа якчанд шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.

Ҳамзамон, соли 2021 «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифои иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ёддошти мазкур ин таҳкими ҳамкорӣ дар самти хизматрасонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, тавонбахшии маъюбон ва дарёфти заминаи кор барои онҳо мебошад.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ  дар навбати худ иброз дошт, ки мо омодаем бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар тамоми бахшҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш диҳем.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, баргузории машваратҳои омӯзишӣ ба шакли маҷозӣ, ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа ва дигар самтҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Дар фарҷоми вохурӣ ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454