Боздид аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд

Боздид аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд
Июн 09
10:38 2022

Дар доираи ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири тандурустии  Қазоқистон аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуданд.

Зимни боздид директори маркази мазкур Алишер Шарифов ба меҳмонон таҷҳизоти муосири тиббиеро, ки дар Маркази миллии тиббии кӯдакона фаъолият мекунанд, нишон дод. Дар идома меҳмонон бо кори шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳии каминвазивӣ, рентгенология, лабораторияҳои муассиса шинос шуда, ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва шароити мусоид барои будубоши беморон баҳои баланд доданд.

 

Сипас вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дафтари меҳмонони марказ орзуҳои худро навиштанд. Чун анъана директори марказ Алишер Шарифов ба меҳмонон аз номи марказ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412