Татбиқи “Кортҳои шаҳрвандӣ”; натиҷагирӣ аз дасторвадҳои ҳосилшуда ва ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба соҳаи тандурустӣ

Татбиқи “Кортҳои шаҳрвандӣ”; натиҷагирӣ аз дасторвадҳои ҳосилшуда ва ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба соҳаи тандурустӣ
Ноябр 10
17:00 2022

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ, имрӯз дар як қатор соҳаҳои муҳими мамлакат Лоиҳаҳои алоҳидае пиёда гардидаанд, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад аз зумраи онҳо маънидод мегардад.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз қабилӣ:  А. Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Зафаробод,  Ҷ.Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Файзободи НТМ, ноҳияи Дарвози ВМКБ амалӣ мегардад, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ нақши кадирӣ иҷро менамояд.

Маврид ба тазаккур аст, ки азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ,   таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Ҳамин аст, ки гузаронидани вохуриҳо бо аҳолӣ бобати дарёфти камбудиву пешниҳодоти аҳолӣ дар беҳбудии низоми хизматрасонии тиббӣ ва ё худ роҳандозии механизми Кортҳои шаҳрвандӣ аз ҳадафи навбатии Лоиҳа дониста мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи аслии роҳандозии механизми Кортҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани имконияти бештар ба аҳолӣ, хонаводаҳо ва аъзоёни дигари ҷомеа барои ҳифзи вазъи саломатии худ тариқи амалҳои самаранок, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии саривақтии бемориҳо,ба даст овардани фикру андеша ва пешниҳоди аҳолӣ, вохуриҳо бо истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ки бо механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) фаро гирифта шудаанд,  маънидод мегардад.

Гузаронидани механизми Кортҳои шаҳрвандӣ услуби хосс дошта,  фаселитатор ва ё бо истилоҳи дигар “таҳқиқгар” бо аҳолӣ дар алоҳидагӣ бидуни иштироки кормандони маркази саломатӣ суҳбат гузаронида фикру андешаи сокинони маҳал, дархосту пешниҳодоти онҳо бобати боз ҳам боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ шунида мешавад.  Дар навбати дигар бо кормандони муассисаи тиббӣ низ вохӯри сурат мегирад ва аз натиҷаи татбиқи Лоиҳа гуфтушунид сурат мегирад.

Натиҷаҳои ҳосилшуда дар асоси татбиқи механизми Кортҳои шаҳрвандӣ исбот месозад, ки истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огаҳ мегарданду барои дастириву кумак ба муассисаи тиббии маҳалли зисти худ бештар мекушанд, зарурати муроҷиати саривақтӣ ва саҳм доштан дар раванди кори хуби  табибону ҳамшираҳои минтақавии худро бештар дарк мекунанд.

Ҳамзамон дар низоми гузаронидани вохӯриҳо аз зарурати кӯмаки аҳолӣ ба низоми хизматрасонии тиббӣ ва нақши калидии соҳаи тандурустӣ дар сиҳатии омма тарғиб гардида, дар ин масир ҳавасмандии аҳолӣ низ зоҳир мегардад.

Қобили зикр аст, ки чунин  ҷамъомадҳо дар 265 марказҳои саломатии деҳоти 16 ноҳия баргузор карда шуданд. Бояд кард, ки дар 37 маркази саломатие, ки аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” сохта ба истифода дода шудааст, тамоми шароити ташхису табобат муҳайёст ва ба ин хотир баҳои аҳолӣ ба ин мусаасисаҳо баланд аст. Ҳамчунин баҳои аҳолӣ ба муассисаҳое, ки фаъолияти худро дар доираи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) ба роҳ мондаанд, хеле хуб аст.  Кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалият тиббиӣ низ аз татбиқи Лоиҳа ҳавасманӣ зоҳир менамояд ва нақши Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар низоми хизматрасонии тиббиро баланд арзёбӣ менамояд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454