Тақдими панҷ озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ

Тақдими панҷ озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ
Апрел 10
15:55 2023

Имрӯз, 10 апрели соли равон дар Маҷмааи  тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи ташхиси сайёри COVID-19 маросими супоридани панҷ озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолик Амирзода баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи грантӣ аз ҷониби Фонди Авруосиёии субот ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи ташхиси мобилии COVID-19, ки 8 октябри соли 2021 ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа озмоишгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ бо дараҷаи бехатарии биологӣ, инчунин системаҳои тестӣ барои ташкили корҳо оид ба ташхиси COVID-19 харидорӣ карда шудаанд.

Дар татбиқи лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вазифаҳои гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба зиммаи Фонди Русия «СПИД Инфосвязь» гузошта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,376
  • 1,478
  • 1,263,857