НАВГОНӢ: Ташхиси бемории сил аз фазла дар кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷорӣ карда мешавад

НАВГОНӢ: Ташхиси бемории сил аз фазла дар кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷорӣ карда мешавад
Феврал 29
15:48 2024

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани ташхиси бемории сил аз фазла (ахлот) дар кўдакон бо усули оддии якмарҳилагӣ  мутахассисони марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили  як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки қаблан барои ташхиси силро дар кӯдакон гузаронидан лозим меомад, ки дар кӯдакон сулфаи сунъӣ ба вуҷуд оварда шавад. Дар натиҷа кӯдакони то 10-сола балғамро фурӯ мебурданд, ки ин ҳолат барои ташхиси бемории сил мушкилиро ба вуҷуд меовард.

Ин усули оддии якмарҳалагӣ ном дошта, ки танҳо бо тасдиқи фазла, бе истифодаи дигар таҷҳизоти иловагӣ ташхиси силро муайян менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ин усулро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) барои дарёфти бемории сил тавсия медиҳад. То кунун дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ин усул танҳо дар Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷорӣ карда шуда буд. Акнун мутахассисони сатҳи марказӣ ва вилоятии марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо ин усули ташхис омӯзиш гирифта, дар марказҳои худ онро ҷорӣ  хоҳанд кард.

Яъне, ҷорӣ намудани ин усули ташхис дар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру навоҳии мамлакат навгонӣ буда, имкон медиҳад, ки кӯдакон дар маҳалли зисташон бо роҳи осон аз ташхиси бемории сил гузаранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 12
  • 41
  • 1,085,840