Вохурӣ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб

Вохурӣ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб
Март 14
16:16 2024

Имрӯз, 14-уми марти соли равон дар бинои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир ба пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, коррупсия ва ҳамзамон соли 2024 дар кишвар эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ вохурӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзода, сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Шарифзода Исоқи Иброҳим, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат, инчунин роҳбарони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо  иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолити давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.

Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021, №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти соҳа дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Дар бораи чорабиниҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар соҳа» ва «Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тасдиқ шуда, айни ҳол мавриди амал қарор доранд.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи тасдиқи “Нақша-чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2024”, “Нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2024» ва Нақша-чорабинӣ вобаста ба амали намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки  бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.

Зимни вохурӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мазкур баромадҳои пурмуҳтаво намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа баён доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,085
  • 623
  • 1,070,411