Қиссаи шахси аз бемории шакли мутобиқгаштаи сил шифоёфта: Аз мубориза барои ҳаёт, то умед ба фардои нек

Қиссаи шахси аз бемории шакли мутобиқгаштаи сил шифоёфта: Аз мубориза барои ҳаёт, то умед ба фардои нек
Март 15
10:23 2024

Имрӯзҳо бемории сил яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби соҳаи тандурустии кишварҳои ҷавон ба шумор рафта, хушбахтона, баҳри ташхису табобати гирифторони ин беморӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои алоқаманди соҳа пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд. Дар баробари ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд бо мақсади амалинамоии барномаҳои қабулгардида, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Аз ҷумла ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобати гирифторони шакли мутобиқгаштаи бемории сил яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки ин бахш ба ҳисоб меравад.

Дар кишвари мо кам нестанд нафароне, ки аз бемории шакли мутобиқатгаштаи сил шифо ёфтаанд. Чунин нафарон, ки маълумот оид ба шахсияти эшон бинобар сирри шахсӣ будан махфӣ нигоҳ дошта  мешавад, бештар дар самти нақши дорувории нави зиддисилӣ дар табобати кутоҳмуддати шакли мутобиқгаштаи бемории сил қисса намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд барои дастрас намудани номгӯи дорувориҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои табобат изҳори қаноатмандӣ  менамоянд.

Яке аз нафарони табобатёфта аз шакли мутобиқгаштаи сил бо истифода аз дорувории нави зиддисилӣ, ки аз он шартан Диловар ном мебарем, зимни баёни саргузашти худ дар лаҳзаҳои  табобат чунин иброз намуд: “Баробари шунидани гирифториам ба бемории шакли мутобиқгаштаи сил, гуё зиндагӣ бароям ба итмом расид, вале бо дастгирии аҳли хонавода, ҳидояту роҳнамоии табибони силшинос, ба табобати курси  кутоҳмуддати шакли мутобиқгаштаи  сил тариқи дорувории нави зиддисилӣ шурӯъ намудам. Истеъмоли дорувориҳо бароям хеле душвор буд, чандин маротиба қасди боз истодан аз табобатро намудам, вале дар навбати аввал ҳидояти табибон   аз азми доштаам ҷилавгирӣ намуд ва дар навбати дигар дидани наздикону пайвандон ва кӯдаконам маро водор намуд, ки бояд табобатро ба итмом расонам. Табобати ман 9 моҳро дар бар гирифт. Бо амри тақдир баробари нисф кардани табобат, идома додани он бароям осон гардид. Дар назар чунин менамуд, ки гуё роҳи фарозеро тай намудаву акнун роҳи нишеб маро дар пеш аст. Ҳамин гуна баъд аз сипарӣ гаштани як муддат, табобати ман хотима  ёфт ва ман бо амри тақдир шифо ёфтам. Ҳоло ба чунин хулоса меоям, ки маҳз мубориза бурдан бар зидди ин беморӣ ва ба фардо умеди нек доштан барои ман кӯмак расониданд, то аз ин беморӣ шифо ёбам. Бинобар ин, бо боварии комил метавонам бигуям, ки сил табобатшаванда аст. Ба гирифторони ин беморӣ тавсия медиҳам, ки табобатро то охир давом диҳанд, мубориза баранд ва ба фардо бо нигоҳи нек назар афкананд”.

Ҳамин тавр, қиссаи саргузашти шахсоне, ки аз бемории шакли мутобиқгаштаи сил  табобат ёфтаанд. шабеҳи ҳам буда, ҳамагон аз шароити муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти табобати бемории сил ва ройгон бароҳ мондани дорувории зиддисилӣ изҳори қаноатмандӣ менамуданд.

Хусрав Шосаидзода,

Журналист

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411