Сохтмон ва таъмири муассисаҳои КАТС дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сохтмон ва таъмири муассисаҳои КАТС дар ноҳияи Рӯдакӣ
Июн 21
10:02 2024

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, таъмиру  тармим ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Дар доираи чунин корҳои ободонӣ Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ аз таъмир бароварда шуда, дар он баҳри ташхису муоинаи беморон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бино ба иттилои масъулин, аз оғози соли равон то кунун дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар сохтори шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) 7 бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар муассисаҳои навбунёд низ ҷиҳати ба ташхису муоина фаро гирифтани беморон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳияи мазкур боз ҳам беҳтар гардида истодааст.

Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ низ дар ҳудуди ноҳияи мазкур якчанд муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ба истифода дода шаванд.

Чунин корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису муоина барои сокинони мамлакат маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411