Ҷаласаи корӣ доир ба баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа

Ҷаласаи корӣ доир ба баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа
Июн 19
16:57 2024

19-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода  вобаста таҳлил ва баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа  ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат, намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур вазъи пур кардани варақаҳои корношоямӣ (варақаи беморӣ), назорати занони ҳомила, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ ва бо ин васила дарёфти беморон, саривақт ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифтани онҳо, вусъат бахшидани иммунизатсияи кӯдакон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, бо ҳам беҳтар намудани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Дар ин замина, аз  ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулин дастуру  супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 12
  • 41
  • 1,085,840