Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт
Июн 26
16:14 2024

Имрӯз, 26-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар он  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода,  директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким  Холзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа се масъала” Вазъи кумак ва хизматрасонӣ ба бемориҳои касбӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ”, “Вазъи кӯдакони норасид дар ҷумҳурӣ” ва “Ҷараёни иҷрои “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021 – 2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаи якум Меҳмонов П.Ҳ., сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои касбӣ баромад кард.

Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010, №700 «Дар бораи азнавташкилдиҳии клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон» ва бо фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2011, №44 «Дар бораи азнавташкилдиҳии клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст.

Вазифаҳои маркази мазкур аз расонидани ёрии тахассусии статсионарӣ ва додани машварати дармонгоҳӣ ба бемороне, ки гирифтори бемориҳои касбӣ мебошанд, аз ҷумла шахсоне, ки гирифтори шакли фарзии аз лиҳози клиникӣ кам зоҳиршавандаи бемориҳои касбӣ мебошанд ва шахсоне, ки дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил ширкат намудаанд ва ворисони иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, ки ба синни 18 солагӣ расидаанд ва ғайраҳо иборат мебошад.

Маркази мазкур бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин буда, дар он баҳри табобати беморон тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Оид ба масъалаи дуюм, яъне “Вазъи кӯдакони норасид дар ҷумҳурӣ” Аминов О.Т., сардори шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат маълумот пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 қайд гардид, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки солимии миллат дар ҳама давру замон аз руи солимии модару кӯдак баҳогузорӣ карда мешавад, аз ин лиҳоз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ин қишри ҷомеа равона карда шуда, яке аз механизмҳои он фароҳам  овардани шароити мусоид  барои таваллуди кӯдакони солим мебошад.

Дар соли 2022 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ “Дастурамал оид ба нигоҳубини навзодони норасид”-ро таҳия намуд, ки дар он барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ва паст кардани фавти навзодон якчанд маслиҳатҳои амалӣ дода шудааст, аз ҷумла: истифода бурдани усули Кенгуру аз дақиқаҳои аввали пас аз таваллуд, додани шири модар аз соатҳои аввали ҳаёт ва назорати нафас, нигоҳубин ва дар вақти зарурӣ додани кофеин. Ҳангоми дуруст иҷро гардидани ин тавсияҳо нишондоди фавти навзодони норасидро то 25,0% коҳиш додан имконпазир аст.

Дар натиҷаи қадамҳои устуворона дар самти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар соҳаи саломатии модару кӯдак Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо истифода аз усулҳои камхарҷи ташхису нигоҳубин дар кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Тибқи омори расмӣ, агар дар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 1-сола 40,9 ба 1 000 зиндатаваллудро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 14,3 ва дар соли 2023 ба 12,0 нисбати 1 000 зиндатаваллуд баробар гардида, нишондиҳандаи фавти модарон аз 97,7 ба 100 000 зиндатаваллуд дар соли 1991 то 24,2 дар соли 2018 ва то 22,4 ба 100 000 зиндатаваллуд дар соли 2023  коҳиш ёфтааст.

Зимни баромади хеш номбурда доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур низ баромад ва ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Оид ба ҷараёни иҷрои “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021 – 2025” Нуров Р., директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил баромад намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои ба миён гузошташуда оид ба паст кардани сатҳи беморшавии ва фавт аз бемории сил ва шаклҳои устувори сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин дар самти ҳимоя аз бемории сил барои ҳар як шахс ва беҳтар намудани сифати саломатии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия ва қабул карда шуд. Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, № 49 тасдиқ шудааст.

Нақшаи амалинамоии барномаи мазкур аз 18 банд ва 105 зербанд иборат аст. Иҷрои тадбирҳо ва ба даст овардани нишондиҳандаҳо ба таври доимӣ таҳлил гардида, дар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, мушовараҳои солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба муваффақияту дастовард ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи он низ ба ҳозирин маълумот дод.

Дар охир доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412