Ҷамолиддин Абдуллозода бо Хонум Мирия Шоблом, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ мулоқоти онлайнӣ анҷом дод

Ҷамолиддин Абдуллозода бо  Хонум Мирия Шоблом, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ мулоқоти онлайнӣ анҷом дод
Июл 01
13:55 2024

 

1 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мирия Шоблум намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти онлайнӣ анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба раванди амалисозии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” мубодилаи афкор намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста ба ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз ҳамкориҳои вазорат бо бонки мазкур дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинон дар кишвар як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Хонум Мирия Шоблом дар навбати худ аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба иброз намуд.

Дар идомаи мулоқоти онлайнӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои вазорат бо Бонки мазкур мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аввали соли 2024 оғоз гардида, айни замон дар марҳилаи амалисозӣ қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,068
  • 2,085
  • 1,071,479