Фаъолияти марказҳои хусусии косметологӣ мавриди таҳлил ва барраси қарор дода шуданд

Фаъолияти марказҳои хусусии косметологӣ мавриди таҳлил ва барраси қарор дода шуданд
Июл 01
12:59 2024

1 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббии марказҳои хусусии косметологии кишвар  ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Амирзода Абдухолиқ Амир, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат  ва намояндагони марказҳои косметологии кишвар иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур  фаъолияти муассисаҳои косметологӣ мавриди барраси қарор дода шуда, гузаштан аз курсҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва  сертификатсия байни кормандони марказҳои косметологӣ зарур шуморида шуд. Пешниҳод карда шуд, ки Ассотсиатсияи косметологҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад ва масъалаҳои ҷории ин самт дар нишастҳои ин Ассотсиатсия ҳаллу фасл карда шаванд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, риояи ҳатмии қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ,  аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки  айни замон дар кишвар 17 адад марказҳои косметологӣ  фаъолият менамоянд, ки аз ин 11 адад дар шаҳри Душанбе ва 6 адад дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412