Суғд: Аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи Иди касбии табибон

Август 16
09:19 2024

Бахшида Иди касбии табибони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар санаи 18-уми август, дар Рӯзи таваллуди ҳакими бузург Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад, масъулини Раёсати тандурустӣ, Шӯрои собиқадорони меҳнати соҳа ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд як қатор собиқадорони соҳаро аёдат намуданд.

Зимни аёдати собиқадорони соҳаи тандурустӣ масъулин иброз доштанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, меҳнату заҳмати эшонро, ки баҳри таъмини солимии аҳолӣ назаррас аст, қадр менамояд.

Дар идомаи суҳбати самимӣ масъулин ҳамзамон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ низ ёдовар шуда, қайд карданд, ки имрӯзҳо дар кишвар баҳри ташхису табобати беморон тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идома ба собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 41
  • 1,085,860