Боз як дастгоҳи ангиографӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд

Боз як дастгоҳи ангиографӣ дар Тоҷикистон  ба истифода дода шуд
Ноябр 16
10:03 2017

15 ноябри соли равон дар Муассисаи Давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  маросими расман ба истифода додани дастгоҳи  ангиографӣ, ки пешрафтатарин ва муассиртарин василаи ташхиси бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар буда, ҳамзамон тариқи он амалиёти муоличавӣ низ гузаронида мешавад, сурат гирифт.

Дар расми баистифодадиҳии дастгоҳи  ангиографӣ, ҳамзамон ду нафар беморони маҳаллӣ тариқи ройгон аз амалиёти ҷароҳии стенокардия бо мувафақият гузаронида шуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дастгоҳи мазкур бо сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассисаи тиббии кишвар насб гардонида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дастгоҳи  ангиографӣ барои ташхис ва табобати дурусти бемориҳои дил истифода шуда, чунин таҷҳизот дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 адад мебошад. Дастгоҳи ангиографӣ ҷиҳати найчагузорӣ ба шараёнҳои дил бе ҷароҳии анъанавӣ ва кушода хизмат мерасонад.

Мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ  наздики  500 нафар мубталои бемориҳои  ишемиявии дил буда, бароҳ мондани фаъолияти чунин таҷҳизоти муосири соҳавӣ   ҷиҳати фаро гирифтани маризони дил ва рагҳои хунгузар ба табобати дуруст ва саривақтӣ имконоти васеъ фароҳам меоварад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411