Таҷлили Рўзи байналмилаллии ҳифзи кўдакон дар шаҳраки Шифо

Таҷлили Рўзи байналмилаллии ҳифзи кўдакон дар шаҳраки Шифо
Май 31
10:11 2018

Ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти башардўстонаи тиббии «Духтурон бидуни марз» (MSF) дар беморхонаи Маркази ҷумҳуриявии бемории сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина дар шаҳраки Шифо (Мачитон) чорабинии идона аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти башардўстонаи тиббӣ «Духтурон бидкни марз» (MSF) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардухтури Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина Шарипов Фируз ва роҳбари ташкилоти башардўстонаи тиббии “Духтурон бидуни марз” Себастян Гай иштирок намуда, кўдакони мубталои бемории силро табрик намуданд.

Дар рафти чорабнии идона кўдакон аз бозиҳои гуногун, аз дидани қаҳрамонҳои филми тасвирӣ ҳаловат бурда, ба онҳо аз ҷониби “Духтурон бидуни марз” тўҳфаҳо ва асбобҳои хатнависӣ  тақдим карда шуд.

Бояд зикр кард, ки “Духтурон бидуни марз” бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, ҳар ду ҷониб баҳри бартараф ва беҳбудӣ бахшидани бемории сил саъю талоши беандозаи худро равона кардаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412