Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Июл 27
10:33 2018

“Ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ” яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии мамлакат дар интиҳои соли 2017 ба шумор рафта, роҳнамоиҳои Сарвари давлат моро дар раванди таҳкими сиёсати бомароми соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳидоят менамояд. Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард”- ин нуқтаро имрӯз Саида Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод байён науд.

Маврид ба тазаккур аст, ки   нишасти матбуотиро Саида Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он Зафар Гулаҳмадзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дигар муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, дигар шахсони расмӣ ва доираи васеи намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Саида Умарзода вобаста ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 ва бурду бохти ин ниҳод дар давраи ҳисоботи ба рӯзноманигорон муфассал маълумот пешниҳод кард.

Саида Умарзода зимни баромади хеш аз ҷумла қайд намуд, ки “Қайд кардан лозим аст, ки рӯзҳои 20-21 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои ‎2018-2028” баргузор гардид, ки дар он Олимзода Н.Х., вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраисии Панели роҷеъ ба масъалаҳои оби ошомиданӣ ва беҳдоштро ба ӯҳда дошт, ки дар самти расидан ба мақсадҳои муайяншудаи Ҳадафҳои рушди устувор 6 (ҲРУ-6) таъсиргузор буданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷараёни иҷрои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» 24 майи соли 2018 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дод, вобаста ба камбудиву норасогиҳои ҷойдошта ва беҳтаркунии амалисозии онҳо дар оянда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоии татбиқи босамари «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» нақшаҳои чорабиниҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногуни бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ барои соли 2018 таҳия гардида, айни ҳол мавриди амал қарор доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳурияии таълимию клиникии тибби оилавӣ” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” бо мақсади ворид намудани “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаи саломатӣ”, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2017 тасдиқ шудааст, дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон давраҳои омӯзишӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо ва директорони марказҳои саломатии деҳот гузаронида шуд.

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2018, №186 бо мақсади танзими муносибатҳо байни табибони оилавӣ, ҳамшираҳои тибби оилавӣ ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, мубодилаи дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо “Низомнома оид ба устодӣ дар тибби оилавӣ” таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявӣ 380 нафар кормандони тиб (31 нафар табиб ва 349 нафар корманди миёнаи тиб) давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуда, ба ҷойҳои кории худ баргаштанд.

Дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, давом дошта, дар давраи ҳисоботӣ наздик ба 30 лоиҳаи ҳуҷҷати меъёри ҳуқуқӣ таҳия гардида, айни ҳол дар сатҳи баррасии ниҳоӣ қарор доранд.

Бо дарназардошти зарурияти истеҳсолӣ, ҳамзамон афзалият бахшидан ба истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахш, алалхусус гиёҳҳои ватанӣ, дар давраи ҳисоботӣ раванди таҳия ва мавриди боздид қарор додани дастурҳои клиникӣ идома дода шуда, дар 6 моҳи соли 2018 дар самти пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои чашм, дилу рагҳо, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои асаб ва токсикология дастурҳои клиникӣ боздид ва бо фармоишҳои алоқаманди вазорат тасдиқ гардиданд.

Бояд қайд кард, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 412 нафар бемор амалиётҳои пайвандсозии гурда ва 29 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2018 бошад, ба 55 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 4 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 6 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар Маркази мазкур ба 63 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт сафарбар карда шуд. Дар баробари ташхису муоина ва тавсияи мутахассисон гурӯҳи корӣ таҳти шиори «Аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гузар, аз солимии худ огоҳ бош» дар байни аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумотҳои омории пешакӣ, дар ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли 2018 – нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 сола 14,7 дар 1000 зиндатаваллуд (соли 2017 – 16,3)-ро ташкил дод. Нишондоди фавти кӯдакони синни то 5 сола бошад, ба 18,0  (соли 2017 – 20,5) дар 1000 зиндатаваллуд баробар гардид.

Дар доираи татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 – 2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 таҳти №455 тасдиқ гардидааст бо фармоиши вазорат аз  20 марти соли 2018, таҳти №268 Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи барномаи мазкур таъсис дода шуда, Низомномаи Шӯро, ҳайат ва нақшаи кории он тасдиқ карда, 2 майи соли 2018 ҷаласаи якуми шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор  гузаронида шуд.

Дар шӯъбаи кӯдаконаи ҷоғу рӯйи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” дар 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 320 амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Дар санаи 28 июни соли 2018 Конференсия дар мавзӯи “Қадамҳои Тоҷикистон ба таъмини устувори  аҳолӣ бо ғизои солим” бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони байналмилалӣ ва васоити ахбори омма гузаронида шуд.

Нишондоди фавти модарон дар 6 моҳи соли 2018 – 28,3 нисбат ба 100 000 зиндатаваллудро ташкил намуд (соли 2017–31,1). Фоизи истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ дар байни занони қобили таваллуд 37,2% ва зоишҳои хонагӣ 3,9%-ро ташкил намуданд.

Рушди таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, пешбурди сиёсати кадрҳо ва илм яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 520  «Оид ба тақсимоти хатмкунандагони соли таҳсили 2017 – 2018 – и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», бо мақсади тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ, магистратура аз рӯи ихтисосҳои афзалиятдошта тақсимоти фардии 1323 нафар хатмкунандагони ватании донишгоҳ   гузаронида  шуд.

Бояд қайд  кард, ки дар 6 моҳи соли равон бо мақсади иҷроиши бандҳои II, III – и «Қоидаҳо оид ба тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 аттестатсияи навбатии кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуд, ки дар шаҳри Душанбе 300 нафар табибон ва вилояти Хатлон 400 нафар табибон ба аттестатсия фаро гирифта шуданд.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар 6 моҳи соли 2018 дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҷараёни таҳсил корҳои муҳимро ба сомон расонидааст.

Дар 6 моҳи аввали соли 2018 дар назди Маркази тахсилоти баъдидипломии донишгоҳ ҳамагӣ 506 нафар шунавандагон аз давраҳои такмили ихтисоси педагогӣ, технологияи иттилоотӣ, такмили ихтисоси тахассусӣ ва курсҳои ихтисосгирии аввалия гузаштанд.

Дар 6 моҳи соли 2018 муассисаҳои илмии зертобеи Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-тадқиқотиро аз рӯи 18 лоиҳаҳои илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 11 мавзӯҳои илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» ва 6 мавзӯҳои ташаббусӣ давом доданд.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 нишон медиҳад, ки сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди вабо, табби хунин ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд.

Тибқи нақшаи кории Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва марказҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои  солҳои 2018-2028” дар давраи 6 моҳи соли 2018 аз тарафи мутахассисон дар манбаҳо ва шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ 42 адад санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ бо истифода аз усулҳои лабораторӣ гузаронида шудааст. Баҳри бехатарӣ ва сифати оби нӯшокӣ аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳбарони КВД “Обу корезӣ” пешниҳодоти санитарӣ ирсол карда шудааст.

Дар ҳамин давра аз тарафи мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва марказҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ оиди риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 5462 санҷиш гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 1707 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додашуда, ба маблағи умумии 237 850 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 668 иншоотҳо бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шудааст.

Дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012с., №890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 218 378,87 кг ва 2664 дона тухм аз ҷумла, маҳсулотҳои гӯштӣ 1867,79 кг,  гӯштӣ мурғ  151 475 кг, моҳӣ  48 000 кг, кала поча 894 кг, нахӯди шур  910 кг, маҳсулотҳои қаннодӣ 3947,94 кг, намак 290,19 кг, маҳсулотҳои полезӣ 2567,2 кг, гандуми тухми триходесмадор  5400 кг, хӯришҳои консервагӣ  281 кг, нӯшокиҳо  1962,7 литр ва

равғани растанӣ  477,3 кг, маҳсулотҳои ширӣ  183,75кг/л, бо сабабҳои мӯҳлати истеъмолашон гузашта, бе нишондодҳои реквизитӣ аз нигоҳи санитарию гигиенӣ шубҳанок будан ва дигар омилҳо аз муомилот гирифта шудаанд. Инчунин, 1292 адад бозича, 135 адад зарфҳои пластикӣ ва 110 адад вазелини пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда аз муомилот гирифта шудаанд.

Оиди бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, зуком, табби  хунин, табларзаи Зика, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии бемориҳои бо тариқи об гузаранда ва бехатарии маҳсулотҳои хӯрока тариқи васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ 13 маротиба баромад ва барои корҳои оммафаҳмонӣ наворҳо омода ва нишон дода шуданд.

Яке аз шаклҳои афзалиятнок дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ таъмин намудан бо хизмат бевосита дар макони зисти шаҳрвандони эҳтиёҷманд, дар муҳити одаткардаашон мебошад, ки давоми 6 моҳи соли 2018 аз тарафи шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 4188 нафар ниёзмандон  хизмати  иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шудааст, ки аз инҳо 1462 нафарашон пиронсолону маъюбон буда, 2726 нафарашон кӯдакони имкониятшон маҳдуд  мебошанд.

Ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №92-ф, «Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», бо мақсади самаранок истифода намудани захираҳои буҷетӣ ва ворид намудани банақшагирии молиявии миёнамӯҳлат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2018, фармоишҳои вазорат аз 20 январи соли 2018 таҳти №49 “Дар бораи таъсиси гурӯҳи кории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таҳияи “Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021” ва аз 9 феврали соли 2018, №121 «Оид ба таҳия намудани Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд моҳи июни соли 2018, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва наҷоти Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар баробари ин аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Айни ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ширкати дорусозӣ ва зиёда аз 183 намуди дорусозӣ ва 3 номгӯи маҳсулоти тиббиро аз қайди давлатӣ гузаронида шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳамаи саъю кӯшиши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои алоқаманд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шарикон оид ба рушд фаъолиятро дар самти корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, рушди захираҳои кадрӣ ҷоннок карда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар самтҳои мухталифи соҳа як қатор пешравиҳо дида мешаванд. Вале фаъолияти соҳа дар ин ҷабҳа боз ҳам ниёзманди тақвият ва такмил аст.

Вазорат бо тамоми масъулият ва ҷиддан тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъолияти соҳаро аз камбудиҳои ҷойдошта орӣ намуда, ба дастовардҳои бештар муваффақ гардад”.

Баъд аз баромади муфасали Саида Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти ин соҳа дар нимсолаи аввали соли 2018, нишасти матбуотии ин ниҳод бо саволу ҷавобҳо хотима ёфт, ки зимни он  роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои  намояндагони ВАО  похусҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412