Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Апрел 04
06:49 2019

3 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Орипов ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои супоришҳои роҳбарони олии ду кишвар оид ба таҳким ва густариши ҳамкории бисёрҷабҳа байни кишварҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манфиатдории тарафайн ҷиҳати фаъолгардонӣ ва вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, тандурустӣ,  фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ ва об, сайёҳӣ ва дигар самтҳо таъкид гардид.

Созиши мутақобила оид ба андешидани чораҳои мувофиқашудаи минбаъда ҷиҳати таъмини афзоиши ҳаҷми табодули маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои саноати сабук ва дар самти агросаноатӣ, инчунин идома ва густариши корҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетикӣ ҳосил шуд.

Тарафҳо ҷонибдории хешро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар, инчунин вусъат додани робитаҳо байни доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор намуданд.

Дар фарҷоми нишаст Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,083
  • 623
  • 1,070,409